- ғайр
- [غير]а. бегона, аҷнабӣ, ноошно; номаҳрам; ағёр, рақиб; мулки ғайр мулки бегона; кишвари дигар; ғайри… а) пешванди инкорӣ ба ҷуз, ғайр аз, сивои…; б) ҷузъи пешини баъзе калимаҳои мураккаб, ки ба калима маънои мухолиф ва муқобилро медиҳад: ғайриқаноатбахш, ғайриодӣ, ғайримуқаррарӣ, ғайриқонунӣ…; в) пешоянди изҳорӣ ба маънои нашуданӣ, нашаванда, нопазир, нопазируфтанӣ: ғайри қобили иҷро, ғайри қобили нуфуз; ғайри ихтиёри худ бар хилофи майлу хоҳиши худ; маҷбуран; ғайри чашмдошти касе баръакси умедвории касе; дар сурати интизор набудани касе; рӯзҳои ғайри бозор рӯзҳое, ки бозор барпо намешавад, рӯзҳои бебозор; ғайр аз… ҷуз, ба ҷуз, сивои…; ғайр аз ин а) ба ҷуз ин, дигар аз ин; б) ба замми ин, илова бар ин; аз ғайри… а) ғайр аз, ба ҷуз, сивои…; б) бе, бидуни…; ба ғайри… // ба ғайр аз ба ҷуз, ғайр аз, сивои…; аз ғайри чашмдошти касе ниг. ғайри чашмдошти касе
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.